- ҷанҷол
- [جنجال]ҷанг, хархаша, кашокаш, кашмакаш, низоъ, ғавғо; ҷанҷоли забонӣ ғавғо, дашному ҳақорат; ҷанҷолу занозанӣ кашмакаш ва дастбагиребон шудан; ҷанҷол афтидан (миёни ду кас) низоъ пайдо шудан; ҷанҷол бардоштан (баровардан) ғавғо сар кардан, низоъ ангехтан; ҷанҷол кардан низоъ ва хархаша кардан; ҷанҷол баромадан (хестан) низоъ бархостан (дар сари чизе); ҷанҷол яктарафа шудан низоъ аз байн рафтан, хотима ёфтани ғавғою низоъ; дар ҷанҷол мондан дар бало мондан, ба низоъ ва ғавғо дучор шудан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.